- рӯз
- [روز]1. фосилаи байни баромадан ва нишастани Офтоб, ки ҳаво равшан аст, аз дами субҳ то шом; муқоб. шаб; рӯзи бозор рӯзе, ки дар он бозор барпо мешавад; рӯзи сиёҳ рӯзи бад, рӯзи пурғаму кулфат ва маҳрумӣ; ба рӯзи сиёҳ афтодан ба сахтию маҳрумӣ ва ба азобу уқубат дучор шудан; ба касе рӯз нишон надодан касеро ҳама вақт азоб додан, дар сахтӣ нигоҳ доштан; рӯзи равшан надидан ҳамеша дар сахтию бадбахтӣ рӯз гузаронидан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.